Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии ш.Конибодом аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони ш.Конибодом Раҳмонов И., Деҳконов Б., Шарипов Ҷ., Туйчиев Э. ,Абдуалиев Э. ва Абдуалиев Э. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз 1000  адад 6 намуди моҳиҳо (ҷумҷумамоҳӣ, ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, чехон, зағорамоҳӣ) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 100000 сомониро ташкил медиҳад. Барои  андешидани чораҳои зарурӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳояш ба  бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом ва 1 мавод ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.

4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот

  Ҳар сол 4 октябр  ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот  ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба  ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо  маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад. Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсусро талаб менамоянд, ворид карда шудаанд.

Иштирок дар маъракаи ҷамъоварии пахта

  Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чун ҳамасола бо мақсади иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар маъракаи ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Спитамен сафарбар шуданд. Дар майдони пахтазори хоҷагии деҳкони Деҳқонбоев Н. - и ноҳия аз ҷониби кормандони Сарраёсат  зиёда аз 300 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани хоҷагӣ супорида шуд.

Корҳои ташвиқотӣ- тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"

 Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, оид ба мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидан ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, дар Маркази саломатӣ ва Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истиқлол вохӯрии тарғиботӣ -ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М., сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. иштирок доштанд. Рафти вохӯрӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ. доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро  Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назар менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.