Сафари аъзоёни фаъоли раванди «Нозирони сабз» ба шаҳри Янгиободи Ҷумҳурии Ўзбекистон

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои пурраи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ҳамкории зич ва судмандро бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят роҳандозӣ намудааст. Бо назардошти амалӣ гардидани лоиҳа ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад чунин муассисаҳои ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамагӣ 10 дастаҳои раванди «Нозирони сабз» таъсис ёфта, дар давоми ду соли охир як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ ва амалии экологӣ баргузор гардид. Тибқи нақшаи ҳамкорӣ, санаҳои 6 – 8 октябри соли 2023, 16 нафар аъзоёни фаъоли раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии болозикр, ҳамчунин намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», дар маҷмуъ 8 нафар бо мақсади иштирок дар лагери экологии сайёр ба шаҳри Янгиободи Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар доштанд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ, назорат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.

Забони миллат – пояи давлат

  Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023

  Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид.      Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон» таҳкими идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи Сирдарё бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиии вобаста ба об ва беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.