Иштирок дар барномаи радиои “Шаҳри ман”

  Бо мақсади ташвиқу тарғиби масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иттилоотонидани аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар барномаи радиои “Шаҳри ман” иштирок намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти мақомот, амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои экологӣ баромад намуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ба масъалаҳои муҳити зист, ҳамкории доимӣ ва инъикоси маълумотҳои экологӣ ба  редакцияи радио ду ҷилд китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!

  Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингӯгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас  ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартӯдааш ба воситаи оби ё боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад. Чунин ҳолат метавонад ба муҳити зисти табиӣ зарар ворид созад.

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Спитамен

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Спитамен аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ғайрирасмӣ ҷойгир намудани як миқдор партовҳо ошкор карда шуд. Нисбати қонуншикан Пардаев Анвар, ки моддаҳои 44 ва 53-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» вайрон намудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Зафаробод озмуни ноҳиявии  «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 17 адад  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ иштирок доштанд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.