Насби қуттиҳои хурди партов аз тарафи муҳассилин дар шаҳри Хуҷанд

  Муҳассилини “Имдоди Ғайрат” 12 адад қуттиҳои хурди партовро дар маҳаллаҳои шаҳр насб карданд. Хонандагони барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ ширкат варзида, барои лоиҳаи худ - «Хонандагони “Аксес” - зидди партов!» гранти хурдеро ба даст оварда, ҳиссаи худро дар тозагии муҳити зисти шаҳр гузоштанд. Хонандагон дар доираи ин лоиҳа дар се микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд 18, 28, 31 ва 32 беш аз 12 адад қуттиҳои хурди партовро насб карданд. Ин қуттиҳо  асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар  назди литсейи ДДҲБСТ, филиали "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", мағозаи "Сафия", даромадгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №22 ба номи Ҷ.Расулов, дар паҳлӯи мағозаи «Комил», назди МТМУ№10 ва №8 ҷойгир карда шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки маҳаллаҳои номбурда тасодуфан интихоб нашуда, худи иштирокчиёни лоиҳа дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд ё дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд ва шоҳиди он мешаванд, ки на ҳамаи мактаббачагон, роҳгузарон, харидорони мағозаҳо ва сокинон дар ҳифзи муҳити зист масъулияти баланд эҳсос мекунанд.

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади назорат ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус дар манбаҳои обӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен ғайриқонунӣ партофтани партови сохтмонӣ дар лаби сой аз тарафи сокинони н.Спитамен Атабеков Миралӣ ва Хӯҷаматов Мақсудҷон ошкор гардид. Ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд, зеро онҳо талаботи моддаҳои 44,53 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”-ро риоя накарданд.

Иштироки 30 нафар экологҳои ҷавон аз шаҳрҳои Конибодом ва Хуҷанд дар лагери панҷрӯзаи 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023»

  Давоми соли таҳсили 2022-2023 дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» таъсис дода шуд. Ба он хонандагони фаъоле, ки ба муҳити зист ва мушкилоти он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд шомил гардиданд. Дар давоми соли хониши сипаригашта хонандагон доир ба экология дониши иловагӣ гирифта, дар аксияҳои экологии ҷамъоварии партовҳои пластик ва коғаз иштирок карданд ва ҳамчунин мунтазам шанбегиҳо ташкил намуданд. Ғайр аз ин, як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла «Эко-викторина» - КВН, фестивали «Дӯстдорони табиат» ва дигар баргузор гардид, ки дар онҳо дастаҳои «Нозирони сабз»-и ин 6 мактаб ширкат варзида, барои ишғоли ҷои аввал мубориза бурданд. Бо фарорасии фасли тобистон ва анҷоми соли таҳсилӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» (YGPE) лагери 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023» дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ташкил карда шуд, ки ба он аз 80 дархост тариқи озмун 26 нафар иштирокчиён интихоб гардидаанд.

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» дар вилояти Суғд

 Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии шафати роҳҳо ва шоҳроҳҳо  дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Аксия тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист  бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия тоза намудани ҷӯйбор, қадди роҳҳо  ва шоҳроҳҳо аз партовҳои гуногун, тоза намудани ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ба иҷро расонида шуда, беш аз  109,5 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу  ҷойгиронида шуданд.       Рафти баргузории аксияҳо аз ҷониби наворбардорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.