Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027, инчунин беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо ва бартараф кардани партовҳои бесоҳиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои кабудизоркунию ободонӣ гузаронида шуд. Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят баҳри омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ 8000 бех ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, ардач, кастона, акатсия, туяи шарқӣ, каталпа ва павлония харидорӣ шуда, то айни ҳол шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд бо 1100 бех, Исфара – 500 бех, Истиқлол – 350 бех, Истаравшан – 800 бех, Б.Ғафуров– 800 бех, Ҷ.Расулов – 200 бех, Спитамен – 300 бех ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо 300 бех ниҳол таъмин гардиданд ва ин амал идома дорад. Дар шаҳри Истиқлол чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр баргузор гардида, дар натиҷа 350 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара 300 бех ниҳоли намуди санавбар, 100 бех ардач ва 100 бех туяи шарқӣ шинонида шуд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ маъракаи шинонидани ниҳолҳо баргузор гардида истодааст. 

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2026

  Фарорасии соли нави 2026-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда, соли навбатии созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози соли таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми арзандаи худро гузошта, дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешавем. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро аз самими қалб  шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён сиҳатмандиву саодати рўзгор, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад.

  Соли нави милодӣ муборак!

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан

  Дар асоси нақшаи корӣ, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ва Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳр дар минтақаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамасола дар фасли сармо дар минтақаҳои куҳӣ гузаронида мешавад.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият  дар соли 2025  бо иштироки  намояндаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, муовини Раиси вилояти Суғд  Файзулло  Қосимӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо вобаста ба натиҷаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа пурсиш намуда, вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ташкили ниҳолхонаҳо, пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ  дастуру супоришҳо дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.