Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён гардид, омодагӣ ба ҷашни сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ  дар мавзӯи «Ҳадафҳо ва дурнамо:  Роҳ ба сӯи ояндаи сабз, баҳри таъмини амнияти экологӣ» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд.

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо омӯзгорони фанни экология ва хонандагони фаъоли муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3 вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон, кормандони бахш вобаста ба муаммоҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксия ва озмунҳои экологӣ баромад намуданд. Дар интиҳо барои ҳамкории доимӣ ва  иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба  омӯзгорон ва хонандагони фаъол сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент супорида шуд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Спитамен

 Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа партови бесоҳиб бартараф карда шуд. Дар натиҷа  партов ба миқдори 7,5 м3 ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар маркази ноҳияи Спитамен ва шоҳроҳи  Хуҷанд - Чаноқ зиёда аз 20 адад  қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ  насб карда шуд. Ҳамчунин  аз тарафи КДФ ХМК-и  ноҳия зиёда аз 12 адад қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳо таъмир карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ, 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.