Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист дар асоси нақшаи кории Раёсат кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва назорати таҳлил бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Рафти амалиёт зиёда аз 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд. Амалиёти мазкур тариқи телевизионҳои шабакаи якум ва “Синамо” наворбардорӣ карда шуд.
Семинар доир ба «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025»
Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Рафти семинар сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи САҲА М.Камарова, коршиносон С.Содиқова ва О. Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф» – Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И., намояндагони раёсати маориф, донишгоҳ ва донишкада, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вобаста ба татбиқ ва паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баромадҳо намуданд.
Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид
Санаи 12 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ , сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд. Муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ва сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2021 қайд карда шуд.
Забони модарӣ - асоси ҳувияту худшиносии миллӣ
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва омӯзгори коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тоҷибоева М. баргузор гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо суханони ифтитоҳӣ кормандонро бо санаи таърихӣ муборакбод намуда, таъкид намуд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ татбиқи сиёсати давлатии забон рушд ёфта, дар Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид. Намояндаи коллеҷи омузгорӣ ҷиҳати татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, маълумоти муфассал дод. Рафти маҷлис хотиррасон гардид, ки забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мардуми тоҷик аст.