Насби овезаҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

 Ҷиҳати иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят овезаҳои таблиғотии экологӣ насб гардида истодааст. Чунин баннер аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод – кӯчаи Рӯдакӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи варзишгоҳ воқеъ дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Рафти аксия 25 тонна партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиву аксияҳо дар миқёси ноҳия идома дорад.

Аксияи «Тозагии соҳил - 2021» дар соҳили Сирдарё

  Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани вазъи экологии дарёҳо, санаи 3 июли соли равон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои он дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Ба истифода додани манзили истиқоматӣ дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара

  Тибқи супориш ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд ба сокини деҳаи Чоркуҳ  маҳаллаи Сомониён-и  шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ сохта пурра ба истифода дода шуд.  Манзили истиқоматӣ барои як оила  иборат аз ду хона ва долон дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон, дарзмол, қолину пардаҳо  ва ашёҳои хоҷагидорӣ таъмин мебошад. Сокини деҳаи Чоркӯҳ аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.