Санаи 20 апрели соли 2021 дар толори раёсат вохӯрии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк В.Н., директори генералии ширкати илмӣ – истеҳсолии «Днепроэнергосталь» Осипенко В.В. ва муовини ӯ Семирягин С.В. баргузор гардид. Вохӯрии мазкур тибқи барномаи ташрифи ҳайати ширкати «Днепроэнергосталь»-и Ҷумҳурии Украина ба вилояти Суғд ба амал омада, ба масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла вобаста ба пешгирии ифлосшавӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфера бахшида шуд. Ширкати номбурда бо истеҳсоли таҷҳизотҳои тозанамоии чангу газ барои корхонаҳои саноатие, ки партовҳои моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера доранд, машғул мебошад. Тибқи нақшаҳои пешбинигардида, то охири соли равон дар ҳудуди КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ширкати «Днепроэнергосталь» ташкили корхонаи муштарак, ки чунин таҷҳизотҳоро истеҳсол менамояд амалӣ мегардад.
Баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии кӯчаю маҳаллаҳо, заминҳои кишоварзӣ, шафати роҳҳо, соҳилҳо, ҷӯю каналҳо ва дарёҳо санаи 17 апрели соли равон бо ҷалби бештари шаҳрвандон, ҷавонону варзишгарон, кормандони корхона, ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.Дар аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» беш аз 50603 нафар ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок доштанд.
Насби таҷҳизоти сенсории муайянкунандаи сифати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд
Ташкилоти Ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо ҳамкории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтаргардонии сифати зиндагӣ бо роҳи огоҳонидани мардум ва пешгирӣ аз ифлосшавии ҳаво»-ро дар минтақаи вилояти Суғд амалӣ гардонида истодааст. Тибқи ин лоиҳа дар марҳилаи аввал якчанд семинар - машваратҳои омӯзишӣ байни ҷавонон гузаронида шуда, зимнан стансияи мониторинги сифати ҳаво ташкил карда шуд. Аз тарафи раиси Ташкилоти Ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Икром Мамадов қайд карда шуд, ки ҳадафи насб ва мониторинги сифати ҳавои атмосфера, ин пешниҳоди маълумоти онлайн оид ба сифати ҳаво барои сокинони шаҳри Хуҷанд мебошад. Нуқтаҳо дар маҳаллаҳои 19, 31, Ватан ва Бофандаи шаҳри Ҳуҷанд насб карда шудааст. Мониторинги 1 моҳа нишон дод, ки нишондодҳо асосан субҳ ва бегоҳ баланд мешавад, ки ин ба ифлосшавии ҳаво аз нақлиёт вобастагӣ дорад.
Таҷлили санаҳои экологӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Деваштич
Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38-и ба У.Нарзуллоеви деҳаи Қалъачаи Азим, ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич чорабинии экологӣ ташкил ва гузаронида шуд. Он бо иштироки омӯзгорони фанни география, экология ва хонандагони синфҳои 9 гузаронида шуда, ба санаҳои экологӣ - ба Рӯзи донишҳои экологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии замин бахшида шуд. Дар чорабинӣ хонандагон дар мавзуъҳои «Мо табиатро ҳифз менамоем», «Роҳҳои пешгирии ифлосшавии об», «Ҳаво - таркиб, хосиятҳои он ва роҳҳои тоза нигоҳ доштани он», «Ҳифзи муҳити зист» «Замин ва хусусиятҳои он» баромадҳо намуданд . Инчунин оид ба табиати зебои диёр ва муҳофизати он, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, самаранок истифодабарии захираҳои обӣ аз ҷониби гурӯҳи хонандагон гуфторҳо ва шеърҳо қироат гардид.