
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо таманниёту фараҳмандии афзун бо фарорасии санаи фархундаву таърихии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманно дорад, ки то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба хамаи шумоён табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!



Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон ва кормандони сарраёсат маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 24 ноябр, дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як
Санаҳои 19 - 20 ноябри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари ом
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Зимни суханронӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров