Баррасии мактуби шикоятӣ дар ноҳияи Спитамен

  Аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси мактуби шикоятии раиси ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен оид ба ифлос кардани муҳити зист бо чангу ғубор аз тарафи заводи истеҳсоли сементи ҶДММ "Суғд семент" - и ноҳияи Мастчоҳ ченкунии инструменталӣ гузаронида шуд. Ҳангоми ташхис муайян гардид, ки миқдори чанги ғайриорганикӣ аз консентратсияи ҳадди ҷоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст. Нисбати роҳбари ҶДММ "Суғд семент" бо дастрасии моддаи 224 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия фиристода шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Тибқи фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, № 29  ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сугд аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо амалиётҳои фаврӣ ва корҳои фаҳмондидаҳӣ гузаронида шуда истодааст.  Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, минтақаи Туқай соҳили Сирдарё нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти назоратӣ гузаронида шуда, ба шоликорони маҳаллӣ оид ба моҳияти фармоиши мазкур корҳои ташвиқотӣ гузарониданд.

Сайди моҳӣ манъ аст!

  Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, № 29 дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмигузории моҳиҳо хамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли 2021

  Санаи 6 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров С. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин зимни баромади худ оид ба тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.