Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир, санаи 9.01.2021 дар шаҳри Хуҷанд, бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ омўзгорону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили дарё, аз он ҷумла минтақаи обутобгоҳи соҳили чапи дарёи Сир аз партовҳо тоза карда шуд.
Фаъолияти солонаи мақомот чамъбаст гардид
Санаи 6 январи соли 2021 дар толори маркази бозомўзӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзӣ Акбаров С., муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б., сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо тибқи даъват иштирок доштанд.
Аёдати собиқадорони соҳа
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафи соли нави милодии 2021 як қатор собиқадорон, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд аёдат карда шуда, ба онҳо кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.
Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Соли нави милодии 2021
Баъди чанд лаҳза соли нави 2021-уми мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд, ҳамзамон дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузоранд. Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ҳамаи Шумоёнро табрик гуфта, ба Шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак!