Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво»

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳоиэкологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Чумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронидани тадқиқот оид ба шарҳи масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла ифлосшавии ҳаво, ташкили чорабиниҳои онлайнӣ ва иттилоотӣ, омӯзонидани ҷавононва насб намудани 4 адад таҷҳизоти ҳавоченкунӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад. Барои муҳокимаи масъалаҳои болозикр ва ҳамкории минбаъда бобати татбиқи ҳадафҳои лоиҳамувофиқи даъват намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, олимон ва устодони Донишгоҳ, коршиносон ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Аксияҳои экологӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

  Тибқи дастуру супоришҳои қарори мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Ориёни ноҳияи Ашт аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва ҳамчунин маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ҳамагӣ беш аз 1,6 ҳазор нафар намояндагон ва аҳолии ҷамоати деҳот дар корҳои кабудизоркунию ободонӣ иштирок намуданд. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» 4 километр соҳили сойи Шайдон ва ҷӯйбор аз партовҳои истеъмолӣ тоза гардида, дар рафти аксияи «Тозагии маҳал» бошад 4,5 километр роҳҳои асосию протоколӣ рӯбучин карда, дар маҷмуъ, аз тарафи кормандони хадамоти хоҷагии манзилию коммуналӣ 6,7 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ҷамоати деҳот иштирокчиёни маърака 1335 бех ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинониданд.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов «Корпоратсияи моҳии Тоҷик» ташкил гардида истодааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинигардида бо парвариши гулмоҳӣ машғул мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома ёфта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор кофтани 25 ҳавзи моҳипарварӣ амалӣ шуда истодааст. Майдони умумии хоҷагии мазкур дар 3 гектар ҷойгир мешавад ва тибқи нақша дар қисми аввал 100 ҳазор моҳичаҳои гулмоҳӣ парвариш меёбанд. Аллакай, пас аз соли якум хоҷагӣ ният дорад, ки 100 тонна гушти тайёри гулмоҳиро пешкаши харидорон намояд. Намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва «Корпоратсияи моҳии Тоҷик»-и Ҷумҳурӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намудан ва як қатор маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Шоҳуқоб – парандаи соли 2021

 Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол шоҳуқоб парандаи соли 2021 интихоб гардид. Шоҳуқоб яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳои зиёд ва гӯшаҳои дастнорас вомехӯрад. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ вомехӯрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳои он то 2,5 м-ро ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4,6 кг мерасад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.