Бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар рафти маърака 510 нафар кормандони ҷомеаи меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, Кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон иштирок карда, 1,3 километр ҷўйбори обгузари ду тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рўбучин гардидаанд.
Корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии моҳидорони ҳаваскор ва шикорчиён
Тибқи нақшаи пешбинигардида нозирони давлатии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҳудуди минтақаи Шўркўли ноҳияи Ашт ва минтақаи Сирдарёи шаҳри Гулистон, ки дар минтақаҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир ва обанбори «Баҳри Тоҷик» эҳтимоли ба амал омадани шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва сайди моҳӣ, инчунин буриши ғайриқонунии дарахтон ҷой дорад амалиёти фаврӣ гузарониданд.
Маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Гулистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои кабудизоркунию ободонӣ дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ, аз он ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар он кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, тариқи ҳашар минтақаҳои назди ҶСК «Колинҳои Қайроққум», шафати роҳи назди боғ ва ҳудуди худи боғи Ғалаба, осоишгоҳ ва дигар кӯчаҳои маркази шаҳр аз партовҳои пластикӣ, алафи хушк ва хор тоза гардида, дар натиҷа 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.
Гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шикорчиён
Тибқи нақшаи пешбинигардида нозирони давлатии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҳудуди ноҳияҳои Спитамен ва Ҷ.Расулов, ки дар минтақаҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир эҳтимоли ба амал омадани шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва сайди моҳӣ, инчунин буриши ғайриқонунии дарахт ҷой дорад амалиёти фаврӣ гузарониданд. Ҳангоми амалиётҳои назоратӣ ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов фаро гирифта, ҳуҷҷатҳои ҳамаи шикорчиёни дар минтақаҳои мазкур мавчуд буда аз назар гузаронида шуд.