Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон ҷиҳати тозаву обод намудани соҳили манбаъҳои обӣ, ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони НОБ ш.Гулистон ва обутобгоҳи «Сайёд» дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия зиёда аз 100 иштирокчиён соҳили баҳрро аз партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолӣ тоза намуда, 1,6 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ роҳандозӣ гардидааст.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсат дар нимсолаи якуми соли 2020
Санаи 10 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натичаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р. баргузор гардид. Маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд шунида шуда, қайд карда шуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа, вусъат бахшидан ба корхои ободониву кабудизоркунӣ, ҳалли муаммохои экологӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардид.
Рафти ҷаласа аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии раёсат пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда супоришҳо дода шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Истаравшан
Баҳри иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020, № 10, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар канал ва сойи дохили шаҳр аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар гузаронидани аксия кормандони идораи бехдошти замин ва обёрӣ, сокинони махаллахо, намояндагони корхонаву ташкилотҳо хамаги 80 нафар саҳми худро гузошта, 8 тн. партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
Бино ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, баҳрииҷроишифармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 9.01.2020, № 10, бо мақсадиистиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар обутобгохи соҳили дарё аксияи «Тозаги соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия 80 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ соҳили дарёро аз партовҳои ҳархела тоза намуда, 4 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.