Дар асоси барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят , баҳри беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани манбаҳои обӣ бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол бо иштироки беш аз 40 нафар сокинони маҳаллаи «Меҳнатобод» аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Назди кул ва ҳавзи маҳалла аз партовҳо тоза карда шуда, 1,5 м3 партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин аз тарафи кормандони бахш ба иштирокчиёни аксия барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои бисёркарата ва дастпӯшакҳо тақсим карда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , бо таври доимӣ тозаву обод нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳбудии муҳити зист бо иштироки кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷекат, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, дар соҳили Шаҳристонсой, деҳаҳо, минтақаи Хуррамдара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 120 нафар иштирок намуда, соҳили сой ва ҳудуди дехаҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, қариб 4 тн.партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии махал ва соҳил» дар истироҳатгоҳи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент
Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби табиӣ ва муҳити тозаву обод ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва бо иштироки беш аз 120 нафар аҳолии деҳаи Шинг аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия минтақаи мазкур ва соҳили кӯлҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 8 тн партовҳо ба партовгоҳи муваққатӣ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ
Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавои тоза ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 883 нафар аҳолии ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб, Зарафшон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйборҳо ба масофаи 3 км, каналҳо – 5 км ва сойҳо - 4 км аз партов тоза карда шуда, 8,4 тн партовҳо бароварда шуд.