С
анаҳои 4 ва 5 ноябри соли равон ҳангоми сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз як қатор иншоотҳои муҳими раёсат дидан намуданд. Дар шаҳри Истаравшан, бо рафти сохтмони бинои нави маъмурии бахш, ки ҷашнӣ мебошад ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад шинос гардида, ҷиҳати босифат ва саривақт иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ба Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и раёсат ташриф оварда, бо иншоот, хусусан парвариши мурғи даштии тазарв ва ҳавзи моҳипарварӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо низ барои минбаъд парвариши сунъии парандаи тазарв, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва паҳн кардани онҳо ба ҷойҳои сукунати табиию шикоргоҳ, ҳамчунин парвариши моҳиҳои растанихўр ва паҳн намудани онҳо ба дарёи Сир дастур дода шуд. Дар рафти шиносоӣ дар ҷазира бо иштироки Раиси Кумита ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.



Дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. маҷлис баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории Кумита, сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо сухани ифтитоҳи Раиси Кумита кормандони мақомотро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ибрози ақида намуд. Дар рафти маҷлис
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар
Бо самимияти афзун Шумоёнро бо фарорасии ин санаи муборак, яке аз шарти асоситарини давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи обод ва нерўи таконбахши ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуям. Аҳамияти таърихӣ ва бузурги қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуд.