Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити солим ба истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ, иҷроиши супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.06.2020, № 61/722 дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 80 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ
Бо мақсади ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд корҳои ба расмият даровардани ҷойгиршавии ёдгории табиии давлатии «Тути Панҷшанбе» ба анҷом расонида шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби воситаҳои махсуси мақомоти ҳифзи муҳити зист атрофи дарахти тахминан 850 - 900 сола бо панҷараи декоративӣ иҳота гардида, бо истифодаи сангҳои ороишӣ ва чароғҳои ранга, ҳамчунин дар назди дарахт санги махсус бо муаррифиномаи тути сафед насб карда шуд.
Боиси қайд аст, ки тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда» номгӯи ин дарахти бебаҳои таърихӣ ба феҳристи ёдгориҳои табиии давлатӣ ворид гардидааст. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида, баҳри муаррифии ёдгории табиӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Аксияи “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа”
Дар партави дастури Ситоди вилоятии COVID-19 оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам, хоса бозору мавзеъҳои истироҳатӣ санаи 24 июни соли равон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеъи истироҳатии “Соҳил“-и шаҳри Гулистон аксия таҳту унвони “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа” баргузор намуд. Дар аксия беш аз 40-нафар ҷавонони ташкилоти ҷамъятии“Созандагони Ватан”, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Ситоди вилоятии ковид-19 , ВАО ширкат намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслима Ҷамолиён аксияро ифтитоҳ намуда кайд намуданд, ки мақсади гузаронидани аксия пеш аз ҳама риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ барои пешгирии бемории COVID-19инчунин риояи тозагии муҳити зист мебошад.
Тозагии манбаъҳои обӣ- омили солимии ҷомеа
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагил-2020», фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз санаи 22.01.2020 сол №04 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 маротиба аксияи мазкур гузаронида шуд.