Баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҶДММ «Рахшона» ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо мақсади шиносои бо ҳавзҳои моҳипарварӣ, вазъи имрўза ва минбаъдаи фаъолияти хоҷагии бисёрсоҳа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо як қатор мутахассисону коршиносон ба хочагии мазкур ташриф оварда, аз ташкилу рафти кор изҳори қаноатмандӣ кард. Диққати иштирокдорон ба моҳипарварии ин хоҷагӣ ҷалб гардида, махсусан қайд карда шуд, ки 17 адад ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ дар масофаи 44 гектар дар муҳлати кўтоҳ сохта ба истифода дода шудааст. Дар айни замон ба ҳавзҳои мазкур зиёда аз як миллион кирминамоҳии намуди амури сафед, капур, пешонипаҳни сафед ва алоча ҷойгир карда, бо хўрокаи гуногуни хушсифат ва алафҳои тару тоза таъмин гардида истодааст.
Ҳифзи ҳаво дар ноҳияи Мастчоҳ
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои баррасии муроҷиати шикоятии сокинони маҳаллаи Азиззободи ноҳияи Мастчоҳ якҷоя бо шуъбаи назоратии таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корбарӣ намуданд. Шикояти шаҳрвандон дар он буд, ки нақлиётҳои боркашони заводи ҶДММ «Ясин МС-Суғд»-и Хитоӣ ҳангоми кашонидани маъдан аз кон бо суръат роҳи маҳаллаи мазкурро гузашта, бо гарду чанг атрофро ифлос менамоянд. Коргоҳи номбурда бо истеҳсоли семент машғул мебошад. Бинобар он, санаи 12.10.2019 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ченкунии ифлосшавии ҳаво ва гирду атрофи роҳ ба амал омад. Санади дахлдор тартиб дода шуда, мувофиқи натиҷаи ташхис то 2 маротиба аз меъёр зиёдшавии ихроҷи гарду чанг ба қайд расид.
Аксия дар шаҳри Хуҷанд
Санаи 12.10.2019 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Навбаҳори (34 мкр.) аксияи «Тозагии муҳити зист» ташкил ва гузаронида шуд. Ба аксия 200 нафар кормандони таваллудхонаи шаҳрӣ, 20 нафар мураббиёникўдакистони №27 ва 40 нафар табибони беморхонаи микроҷарроҳии чашм ҷалб гардида, дар ободу тоза намудани минтақаҳои ҳудуди муассисаҳои хеш саҳми худро гузошта, партовҳоро дар мавзеъи муайянгардида ҷамъ намуданд. Бояд қайд намуд, ки мутаассифона солҳои охир таъсири инсон ба вайронкунии муҳити зист эҳсос мешавад. Бераҳмона муносибат кардани шаҳрвандон ба муҳити зист ва фаъолияти худ ба мушоҳида мерасад. Риоя нашудани талаботи қонунгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист боиси он мегардад, ки атроф ҳолати ҳузнангезро фаро гирад ва омили пайдошавии ҳар гуна бемориҳо шавад.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиыи Конвенсияи Орхус дар вилояти Суғд
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 11.10.2019 дар толори меҳмонхонаи «Khujand Delux»-и шаҳри Хуҷанд семинар - тренинги якрузаи минтақавӣ дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» барои коргарони сохторҳои МИҲД шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Ашт ва ҳамчунин намояндагони ВАО багузор гардид. Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/ Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Иштирок дар маъракаи «Ҳосил - 2019»
Санаи 13.10.2019, рўзи истироҳат, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар маъракаи чиниши пахта ва гузоштани саҳми худ ба хирмани диёр ба ноҳияи Ҷ.Расулов сафарбар шудаанд. Дар баробари кормандони раёсат дар ҷамъоварии ҳосили пахта кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, бахшҳои шаҳри Бўстон ва ноҳияи Ҷ.Расулов иштирок намуданд. Дар майдони пахтазори хоҷагии деҳқонии «Қатаған»-и деҳаи саричашмаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия дар як рўз, аз ҷониби 25 нафар кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист зиёда аз 650 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани ҳоҷагии мазкур супорида шуд.
«1300 рўзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Панҷакент»
Дар шаҳри Панҷакент, санаи 12.10.2019 бахшида ба эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар маҷмуъ беш аз 700 нафар омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи омўзгории шаҳри Панҷакент, Коллеҷи тиббӣ ва омўзгорӣ, Коллеҷи касбӣ – техникӣ ва аҳолӣ иштирок намуданд. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» ду тарафи се сой - «Мисрак»,«Кўктош» ва «Чинор», ҳамагӣ 6,7 км соҳил аз партов тоза гардид. Ҳамзамон, 2 км ҷўйбори ду тарафи кўчае, ки бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ҷойгир мебошад, тоза гардида, 840 метри мураббаъ қисми кўчаи назди бахш мумфарш карда шуд.
Страница 182 из 236