
Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии насли наврас ва ҷавонон, бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маориф ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар КВДК Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и н.Ҷ.Расулов бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинар – машварат таҳти унвони «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳӣ» доир гардид. Дар семинар - машварат истироҳаткунандагон - хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Конибодом, Ҷ.Расулов, вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сармуррабии истироҳатгоҳ - магистранти ДДҲБСТ иштирок доштанд.




Мувофиқи нақшаи кории Раёсат ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 71 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳияи
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист ва 30 солагии мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон
Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист 2 июни соли ҷорӣ дар саҳни театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд 


