Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Шаҳристон

   Мувофиқи нақшаи кории Раёсат ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 71 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳияи  Шаҳристон ирсол карда шуд.

Ифтитоҳи ошхона бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

     Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист ва 30 солагии мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон  санаи 3 июн ифтитоҳи бинои ошхонаи Раёсат мавриди баҳрабардорӣқарор гирифт.

Таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд

Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист 2 июни соли ҷорӣ дар саҳни театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд  чорабинии идона доир  гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода, раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони сохторҳои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ ва ахолӣ иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода  дар аснои суханронии худ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист ёдовар шуда, дӯстдорони табиатро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист табрик намуд.

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1.  Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)

2.  Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захирахои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)

3.  Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд (категорияи панҷум)

4.  Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, (категорияи шашум)

5.  Мутахассиси пешбари Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт, (категорияи шашум)

6.  Мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи ҳафтум)

Скачано с веб-сайта JooMix.org.