Эълони озмун байни мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулол»

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон –сарчашмаи обҳои зулол» эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 6-8, 7-11 бо 3 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Сурати беҳтарин» ва «Рӯзномаи девории беҳтарин» гузаронида мешавад. Қабули маводҳо то санаи 5  марти  соли 2017.

Дастрас намудани низомномаи эълон

Телефон барои маълумот  4-39-27

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ

Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.

Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.

Семинарҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Исфара

Моҳи январи  соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Исфара оиди нуктаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оиди ҳифз ва истифодаи оқилонаи  олами набототу  ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  шуд.

Оғози корҳои ободонию кабудизоркунӣ

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен  аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен ба ҷамоатҳои Тағояк, Куруш, Истиқлол, «Т.Ӯлҷабоев», «Сарбанд» ба миқдори 560 бех ниҳоли дарахти сафедор ва ба кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба миқдори 100 бех ниҳоли дарахти санавбар харидорӣ ва тақсим карда шуд. Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар дигар шаҳраку ҷамоатҳо низ корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.