Вохӯрӣ бо намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд

Дар толори  маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии кормандон бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Негматова бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои рушди устувор» ва соли 2017 - Соли Ҷавонон, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид.

Ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ

Дар моҳи декабри соли равон дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аксияи ниҳолшинонӣ ҳамчун қисми таҷрибавии машғулиятхо доир ба «Баланд бардоштани маълумотнокии кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ» доир гардид.  Ин тадбир аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» якҷоя бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамшарикӣ ва дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
 Санаи 14 декабр дар маъракаи ниҳолшинонии шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ , ҳудуди МТМУ №5 ва №4, беш аз 125 нафар, аз он ҷумла омӯзгорону хонандагон кормандони КВД "ХМК" ва худи сокинон фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, ҳангоми баргузории аксия 1000 бех сафедор, 100 бех санавбар ва 150 бех қайрағоч шинонида шуд.

Вохӯрӣ бо намояндаи прокуратура

Санаи 26 декабри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон вохӯрӣ бо прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Маҳмадов Н. бо кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баромади худ намояндаи прокуратура қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз низ ташаббуси навбатии муҳими Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.

Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Захираҳои биологии Тоҷикистон бой ва рангинанд. Тибқи маълумотҳои илмӣ фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдорро дарбар мегиранд. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захирахои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад. Китоби сурх ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Ба нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали «Китоби сурх»-и Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тахдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.

Мақсади асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҷдиди захираҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.

 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода

Скачано с веб-сайта JooMix.org.