Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

   Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда ва ба нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти нимсолаи якум дастур дод. Қайд карда шуд, ки дар самти ситонидани маблағҳои ҷарима ва зарар, назорат ва таҳлили фаъолияти нозирӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, ҳолати партовгоҳҳои ғайрирасмӣ ва назорати доимии он, иҷроиши саривақтӣ ва босифати барномаҳои соҳавӣ ва давлатӣ, иҷроиши нақша чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо корбарии ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ”

   Санаи 6 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша – чорабиниҳои Кумита ҷиҳати эълон гаштани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, бо мақсади иҷрои нуқтаҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба амалигардонии принсипҳои “иқтисоди сабз” ва ташвиқу тарғиби ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон, дар толори коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки коршиносони соҳа ва кормандони сохторҳои маҳалӣ, устодону хонандагони муассисаи мазкур семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Директори коллеҷи мазкур Кайҳони Суфиёт дар мавзуи “Тоҷикистон – макони пиряхҳои бузург ва обҳои зулоли минтақаи Осиёи Марказӣ” маърӯза намуд. Ҳамзамон, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Носиров С. дар мавзуъҳои ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти он дар ҷумҳурӣ, қадр кардани захираҳои табиат, саҳм гузоштан дар кам кардани таъсиррасонӣ ба табиат, тозагии маҳал ва соҳил, инчунин иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои “Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025” баромад намуд. Дар охири конфронс аз ҷониби донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Саҳмгузорӣ дар барқарорсозии ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом

   Дар ҷангалзори тӯқайи шаҳри Конибодом аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа чор намуд ниҳол, аз он ҷумла тут, ҷигда, ток ва хуч ҳамагӣ 9 ҳазор бех шинонида шуд. Дар рафти аксия беш аз 70 нафар намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва аҳолии маҳалла фаъолона иштирок намуданд. Ҷангалзори тӯқай дар нигоҳ доштани мувозинаи экологӣ нақши муҳим дошта, макони сукунати намудҳои гуногуни олами ҳайвонот мебошад. Мутаассифона, онҳо аз таъсири таъсири антропогении инсон, аз қабили буридани дарахтони ҷангал, сӯхтор ва мунтазам чаронидани миқдори зиёди чорво хароб мешаванд. Барои барқарор ва нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти маҳаллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Бо мақсади иҷрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №42 аз 28.03.2023 сол  ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023» аз тарафи кормандони шуъбаи  ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд  гузаронидани амалиётҳои фаврӣ оғоз гардид. Чунин амалиёт дар бозори «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, ба роҳбари бозор барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрнома дода шуд.  Дар  байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дохили бозор лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.