Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 03.2023 с. таҳти №42 ва фармоиши сардори Сарраёсат № 16 аз 31.03.2023 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023», дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, шароити фароҳам овардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2023 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95
1 апрел - Рӯзи байналмилалии парандаҳо
1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табиӣ низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд. Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Танҳо дар миқёси вилоятамон 22 намуди парандаҳо дар ҳолати нодир ва маҳвшудаистода қарор гирифтаанд, ки онҳоро олимон-орнитологҳо ба китоби «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд» ворид карданд.
Тақдими асари “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба Ғуфронзода Азиз
Корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимов Бобоҷон ба сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз аз номи Раёсати Академия ҷилдҳои 1, 2 ва 3-и китоби арзишманди “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”-ро тақдим намуд. Маврид ба зикр аст, ки асари “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд рўйи чоп омадааст. Китоб бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” хидматҳои бедареғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бозтоб намуда, дар замири ҳар хонанда тафаккури давлатдорию давлатсозиро ташаккул медиҳад. Бешак, асар ҳамчун оинаи қаднамо корномаи бемисли Пешвои миллатро инъикос менамояд.
Гуфтугӯи мустақим доир ба масъалаҳои экологӣ
Дар телевизиони вилояти Суғд сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар барномаи «Гуфтугўи мустақим» иштирок намуданд, ки мавзўъи барнома ба назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бахшида шуд. Рафти барномаи мустақим ба тамошобинон маълумоти мухтасар доир ба мавзўъ пешниҳод гардид. Аз он ҷумла, дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар самти таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ қабулгардида, қонунҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазъи риояи қонунгузории соҳа дар вилоят, роҳандозии чорабиниҳои оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, ҳолати назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо дар вилоят ва корбарӣ ҷиҳати бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, арзёбии пешрафти соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилоят, пешгирии ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ, саҳмгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомот дар пешниҳоди маълумот оид ба ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат иттилоъ ва ҳамзамон, ба аксарияти зиёда аз 20 адад саволҳои ба студия воридгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.