Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” санаи 29 уми март дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист ва бо иштироки намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, идораи рӯзномаи "Садои Конибодом", идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни коллеҷу литсейҳои шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф. ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани ташаббус ва пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом Рауфӣ Даврон зимни баромади худ зикр кард, ки боиси сарфарозист, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардида, мувофиқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст!». Яъне Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем. Бо истифода аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шуморо ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, баракати хонадон ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои Наврӯзиатон ҳастам. Бигзор Наврӯзи имсола барои ҳар яки шумоён наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад! Наврӯзи оламафрӯз муборак!
Семинари омӯзишӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об
Дар толори сарраёсат тибқи нақшаи кории тасдиқгашта барои нимсолаи якум, бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо доир ба Панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвар оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2022», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он», тарзи дуруст ҳисоб намудани зарарҳои ифлос намудан ва зарарҳои худсарона гирифтани об пешниҳод карда шуд. Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.
Насби овезаи иттилоотӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен дар кӯчаи марказии ба номи Спитамен овезаи иттилоотӣ насб карда шуд. Насби чунин лавҳаҳои экологӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.