Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби лавҳаҳои иттилоотӣ идома дорад. Чунин лавҳаи иттилоотии экологӣ дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад.Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар хиёбони марказии Истиқлол ва назди бинои бахши ҳифзи муҳити зист, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ насб  гардид.

Насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, эълон гардидани  соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар  миқёси шаҳри  Гулистон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар  кучаҳои марказии Истиқлол ва Суғдиён, инчунин дар назди бинои маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зист  дар шаҳри Гулистон насб гардид.

Чорабиниҳои пешгирии амалҳои характери коррупсионӣ дошта дар фаъолияти кормандони мақомоти хифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

   Тибқи барқияномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани сўҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия бо иштироки доираи васеи кормандон дар семоҳаи аввал, санаи 10 марти соли ҷорӣ дар толори сарраёсат вохӯрии сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода бо кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намоянда Каримӣ Ҳ.Ҳ. дар бораи мафҳуми Барномаҳои давлатии зидди коррупсионӣ фаҳмонида дода шуд. Аз он ҷумла, дар бораи таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», марҳилаи якум то соли 2025 ва дуюм солҳои 2026 - 2030,  самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд карда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.