Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 2 м3 тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷоя бо Гӯшаи Амрикоӣ чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дарси кушод дар МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷ.Расулов
Санаи 23 апрели соли равон аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникӣ дарси кушод бахшида ба санаи экологӣ - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин гузаронида шуд. Ба хонандагони Литсей доир ба таърихи пайдоиши ин ҷашн, моҳияти истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани донишҳои экологӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» сӯҳбат гузаронида шуд. Рафти суҳбат хонандагон ва омӯзгорон ба суолҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Амалиётҳои фаврии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар давраи тухмгузорӣ
Дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбор ва дарёҳои вилояти Суғд мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳафтаи охир аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти мазкур се маротиба амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ дар минтақаҳои дарёи Сир доир гардида, дар маҷмӯъ 1 адад санад ва 1 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон, 650 метр тӯри ғайриқонунӣ ба дарё партофташудаи бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд гардидааст. Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ минбаъд то ба охир расидани мавсими тухмгузории моҳӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар Литсейи касбӣ политехникии ш.Хуҷанд
Дар асоси барқияи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин, дар асоси нақшаи корӣ дар Литсейи касбӣ политехникии ш.Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд, омӯзгорону донишҷӯёни Литсей иштирок доштанд. Баромадкунан-дагон доир ба муаммоҳо, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои замин дар замони муосир, ташаккули мавқеи фаъоли донишҷуён дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 суханронӣ намуданд.