Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зиёда аз 250 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт дар аксияҳо фаъолона иштирок карда, корҳои назаррас, аз он ҷумла тоза намудани 4 км ду тарафи канори роҳи нақлиётгард аз ҳар гуна партовҳо амалӣ гардид. Ҳамчунин, дар рафти аксия 2,5 тонна партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Дар шаҳри Истаравшан овезаи экологӣ насб гардид
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар хиёбони Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Истаравшан овезаи экологӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Панҷакент
Тибқи супоришу тақсимоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар хиёбони Рўдакии шаҳр овезаи таблиғотии экологӣ насб гардид. Овезаи мазкур ба баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Баргузории амалиёти санҷиши аналитикии воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Б.Ғафуров
Тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохтори он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 47 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ирсол гардид.