Ҷамъбасти озмуни экологии «Сабз бодо кишварам» дар шаҳри Хуҷанд

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн роҳандозӣ гардидааст. Дар озмун муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд.

Иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Дави миллӣ

  Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад. Санаи 16 май дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 12 ҳазор намояндагони касбу кори гуногун Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, то майдони назди Парчами миллӣ идома ёфт. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии варзишӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ намудани он байни аҳолӣ маҳсуб меёбад.

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

 Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйрёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд.

Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба Иди саиди Фитр

 Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафи Иди саиди Фитр собиқ сардорони Раёсат, ки ҳоло дар нафақаанд – Султонов А.А. ва Умаров Н.У., собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд – Абдувалиев А.К., Тӯхтабоев Ю., Нуралиев Ё. (Деваштич), Шукуров О. (Деваштич), Болтуев Д. (Б.Ғафуров), Ҳакимхӯҷаева Ф., Нурматова М., Турсунова М., Садриддинова С., Амонов А. (Конибодом), Халилзода Ш. (Айнӣ), Шодиев Т. (Зафаробод), аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.