Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шудааст. Шумораи ин қуттиҳо 3 адад буда шакли қуттии пластикӣ ё худ баклашкаро доро мебошад. Иқдоми ташкили чунин қуттиро Турсунбой Ғафуров ҷавони 17 сола пешниҳод ва амалӣ намудааст. Андозаи ҳар яке аз қуттиҳо 2 метрро ташкил дода, онро бо ранги зард ва сурх оро доданд, то ин ки аз дигар рангҳои атроф фарқ кунад. Инчунин дар поёнаш дарича низ дорад, ки дар вақти пур шуданаш онро кушода тоза кардан мумкин аст. Ғафуров Т. хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Давоми 4 сол инҷониб ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии Таҷрапт низ таҳсил мекунад. Гузоштани чунин қуттиҳо яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии Ғафуров Т. мебошад, ки ташкилоти мазкур маблағгузорӣ намудааст.
Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар шаҳри Гулистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2 ҳудуд ва 4 км қадди роҳҳо, 700 метр соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳо ва маҳалаҳо ҳамагӣ 670 нафар иштирок доштанд. Аз ҷониби иштирокчиёни шанбегӣ 2100 м ҷуйборҳо,қадди роҳҳо 7 км, 400 м2 майдонхо аз алафхои бегона тоза карда шуд. Инчунин 230 м роҳҳо таъмир ва сафед карда шуда, 7,5 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Турсунов Ф. ва Қирғизбоев М. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.