Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ ,муайян гардид, ки ронандаи нақлиёти боркашонӣ, рақами давлатиаш 95-93 ВR – 02 АбдураҳмоновНасим, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва, аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8-ум бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист ба миқдори 1,5 м3 санги табиӣ барои истифода гирифтааст. Дар натиҷа ба табиат зарар расонида шуда, нисбати қонуншикан дар асоси моддаҳои 2,8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Таҷрибаи истеҳсолӣ дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Дар шуъбаи назорати таҳлили Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети биология ва химияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бо мақсади гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ аз фаъолияти ташхисгоҳ шиносоӣ пайдо намуданд. Кормандони шуъба ба донишҷӯён дар самтҳои ченкунии ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз манбаҳои доимӣ, ченкунии гамма - афканишот ва радионуклидҳои табиӣ, ташхиси физико - кимиёвии партовобҳо, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ташхиси намунаҳои хоки хоҷагиҳои кишоварзӣ, гузаронидани мониторинги дарёи Сир ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин ба донишҷӯён бо мақсади мустаҳкам намудани маълумоту донишҳои гирифта, қоидаҳо ва роҳҳои гирифтани намуна, нигоҳдории онҳо, ташхиси намунахои об ва хок нишон дода шуд.
Ҷамъбасти озмуни «Сабз бодо кишварам» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф ҷамъбаст гардид. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» роҳандозӣ гардидааст. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён 120 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истиқлол, Деваштич, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен, Масчоҳ ва Зафаробод бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 4 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, як қатор кормандони соҳа барои хизмати содиқона ва нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати экологӣ бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо, барои ҳамкорӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист намояндагони корхонаҳои калони саноатии вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Барои дӯстдорони табиат хаймаҳои олами наботот, ҳайвонот ва гулҳои ороишӣ, хаймаи рассомони ҷавон, ки дар эҷодиёташон табиати кишварамон инъикос гардида буд, ба намоиш гузошта шуд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён иштирокчиёни озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
Еще статьи...
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Баргузории аксия бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар фестивали гулҳо дар шаҳри Намангон