Рӯзи байналмилалии муҳити зист

 Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 3 июн дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандони Раёсат, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкилоти ҷамъиятӣ, соҳаи маориф баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд.

Баргузории аксия бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

 Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар назди  марказҳои савдои – «Амид» ва «Оазис»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ташвиқотӣ оид ба иваз намудани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои қоғазӣ ва латагӣ баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории  аксия ин баланд бардоштани иттилоотнокӣ ва маърифати экологии шаҳрвандон баҳри беҳдошти муҳити зист ва пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба қоғазӣ, ки зарар ба муҳити зист надоранд. Аксияи «Мубориза бар зидди партовҳои пластикӣ» аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ», ки дар доираи Лоиҳаи истеҳсол ва паҳни халтаҳои қоғазии табиии аз ҷиҳати экологӣ безарар, ҷалби табақаи осебпазир, аз ҷумла занон дар раванди истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойи корӣ корбарӣ менамояд, инчунин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

Муҳтарам ҳамкасбон, дўстони азиз!

Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумў ёфта, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатии миллӣ саҳми арзанда дорад.

Иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар фестивали гулҳо дар шаҳри Намангон

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон   60-умин Ҷашнвораи  гул баргузор гардид. Дар ин ҷашнвора  ба ғайр аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз давлатҳои Кореяи ҷанубӣ, Россия, Туркия, Нидерланд ва аз кишварҳои ҳамсоя Кирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ даъват шуда буданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз  450  нафар соҳибкорон – гулпарварон  иштирок  намуданд. Боиси қайд аст,ки фестивали гулҳо аз соли 1961 гузаронида шуда,  имсол 60-умин солгарди он қайд гардид. Дар таърихи ин фестивал имсол якумин бор қариб 10 миллион кӯчати гулҳо  шинонида шуд. Чорабинӣ аз паради мошини гулҳо оғоз ёфта, беш аз 150 адад нақлиётҳои  гуногун, аз ҷумла комбайнҳо, тракторҳо, автокранҳо, инчунин техникаи ҳарбӣ, ки  бо гулҳои гуногун  оро  дода шуда буданд, дар кӯчаҳои марказии шаҳри Намангон ҳаракат намуданд. Маросими расмии ифтитоҳи ҷашн дар боғи истироҳат ва фароғати ба номи Захириддин Муҳаммад Бобурӣ оғоз гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо намоишгоҳҳо, намоишҳои мӯд, ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва консерти идона дар боғи “Водии афсона” доир гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.