«Табиат -шоҳасари нодир»

 Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати татбиқи талаботҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд дарси кушод дар мавзӯи «Табиат – шоҳасари нодир» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, муовини директор, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. Хонандагони мактаб дар мавзӯҳои мухталифи экологӣ, оид ба олами набототу ҳайвоноти нодире, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои сарватҳои табиӣ , саҳнача дар мавзӯи тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва захираҳои обӣ баромадҳои пурмазмун пешниҳоди иштирокчиён намуданд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Каримов Г.Н. баргузории чунин чорабиниро саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки он хусусияти муҳими тарбиявӣ дошта, барои ҳидоят намудани насли наврас ба ҳифз ва дӯст доштани табиати зебои кишварамон мусоидат менамояд.

Ҷамъбасти озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Деваштич

 Озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Деваштич бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф ҷамъбаст карда шуд. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 7, 10, 16, 38, 53, гимназияи № 1 ва маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Аксияи «Тозагии соҳил – гарави саломатӣ» дар шаҳри Бӯстон

Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, бо мақсади тозаву ободӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар соҳили кӯли шаҳри Бӯстон аксия зери унвони «Тозагии соҳил – гарави саломатӣ» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷуёни Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, варзишгарону фаъолон аз мактабҳои варзишӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Рафти аксия назди соҳили кӯл ва ҳудуди он аз алафҳои хушкшуда ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, қариб 3 метри мукааб партовҳои ҷамъовардашуда ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Баргузории чунин аксияву шанбегиҳо ба истиқболи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр идома дорад.

Бо табиат ҳамоҳанг зиндагӣ кунед!

 Дар бинои Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, омўзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, васоити ахбори омма, як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, экофаъолон ва кормандони худи марказ нишасти иттилоотӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ бахшида шуд. Мақсади асосии нишаст ин даъвати якдигар ва ҷомеа барои зиндагии ҳамоҳанг бо табиат мебошад. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони экофаъол маърӯзаҳо оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ, эҳтиром ба он, андешидани чораҳо барои ҳифзи он, рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон, зеҳни сунъӣ дар экология ва баланд бардоштани сатҳи маърифат дар байни аҳолӣ пешниҳод карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.