joomla

Забони миллат – ҳастии миллат

 Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини  сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Абдумаликзода Б.А. пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низдар фаъолияти худ талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» дар шаҳри Истаравшан

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ташкил карда шуда, дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Иштирокчиёни мусобиқа 640 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Санаи экологӣ. 4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот

  Ҳар сол 4 октябр  ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба  ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо  маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон

  Санаи 28 сентябри соли равон тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксия кормандону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили баҳрро аз партовҳо тозаву озода карданд.

Баргузории аксияи "Тозагии шоҳроҳ"

 Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва роҳраву гулгаштҳо бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва хонандагони МТМУ № 45 дар масири шоҳроҳи Конибодом- Исфара аксияи "Тозагии шоҳроҳ" баргузор гардид.Иштирокчиёни фаъоли ин аксия бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ин чорабинӣ инчунин бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.