Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа, ғолибони озмуни вилоятии «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба як катор рӯзноманигорон, ғолибони озмуни ҷумхуриявии «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» - Маъмури Юсуфзод котиби матбуоти раиси шаҳриХуҷанд (дарбахшимаводиматбуотӣ), ҒафуровНасимҷон корманди радиои вилояти Суғд (дарбахшимаводирадио), Каримов Обидҷон - корманди телевизиони «Синамо» дар вилояти Суғд (дар бахши маводи телевизион), Раҷабова Ӯғулой – корманди телевизиони ШТР «7 Ситора» (дар бахши маводи телевизион) ва Файзулло Атохӯҷаев – мухбири рӯзномаивилоятии «Ҳақиқати Суғд» (дарбахшимаводиматбуотӣ)диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо таманниёту фараҳмандии афзун Шуморо бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ - 30 умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шудааст. Шумораи ин қуттиҳо 3 адад буда шакли қуттии пластикӣ ё худ баклашкаро доро мебошад. Иқдоми ташкили чунин қуттиро Турсунбой Ғафуров ҷавони 17 сола пешниҳод ва амалӣ намудааст. Андозаи ҳар яке аз қуттиҳо 2 метрро ташкил дода, онро бо ранги зард ва сурх оро доданд, то ин ки аз дигар рангҳои атроф фарқ кунад. Инчунин дар поёнаш дарича низ дорад, ки дар вақти пур шуданаш онро кушода тоза кардан мумкин аст. Ғафуров Т. хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Давоми 4 сол инҷониб ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии Таҷрапт низ таҳсил мекунад. Гузоштани чунин қуттиҳо яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии Ғафуров Т. мебошад, ки ташкилоти мазкур маблағгузорӣ намудааст.
Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар шаҳри Гулистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2 ҳудуд ва 4 км қадди роҳҳо, 700 метр соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.