Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад.  Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш - 25,3 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо - 53,7 км, таъмири роҳравҳо - 3 км,  тоза намудани заҳбуру каналҳо - 300 м,  сафед намудани дарахтон - 1236 бех, тоза намудани майдонҳо - 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. То баргузории ҷашни миллӣ баргузор гардидани аксияҳои экологӣ дар миқёси вилоят идома дорад.

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол

  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани чашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби овезаҳои экологӣ идома дорад. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр – Маҳаллаи 1 баннери экологӣ бо навиштаҷоти тарғиботии сайёҳати экологӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани овезаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист ва тарғиби саёҳати экологӣ маҳсуб меёбад.

Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони "Ояндаи бидуни пластик!" дар шаҳри Истаравшан

  Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 18 августи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии "Сафӣ" дар доираи татбиқи лоиҳаи "Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ", ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ ва аксияи "Ояндаи бидуни пластикӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон, сокинони фаъоли шаҳр, бахши ҷавонони шаҳр, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ маълумоти муфассал дод.  Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади  паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.

Боздошти қуруқшиканон бо шасти барқӣ (электроудочка)

  Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҳавзаи Сирдарё, минтақаи Палос ду нафар қуруқшиканонро ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ  бо шасти барқӣ боздошт намуданд.  Аз қуруқшиканон қаиқ бо муҳаррикаш, шастибарқӣва 20 адад моҳиҳои гуногун мусодира ва муваққатан ба анбори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сугд супорида шуд. Нисбати қуруқшиканон  маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров фиристода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки  шасти барқӣ ба гурӯҳи аслиҳаи маҳви оммавӣ дохил шуда, боиси кохиш ёфтани захираи моҳӣ  мегардад. Фардҳои наслдиҳандаи ба майдони шасти барқӣ дучоршуда  аз афзоиш монда, ба безурётии олами организмҳои обӣ мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.