Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб ва гузаронидани аксияи “Тозагии роҳ” дар шаҳри Истаравшан

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, аз ҷониби нозирони  бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар қадди роҳи Истаравшан – Ниҷонӣ партовҳои бесоҳиб ошкор гардида,  аз дохили партов  ҳуҷҷатҳо ба номи шаҳрванд Исломов Обид - сокини деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дарёфт гардид.Нисбати Исломов О. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима ба маблағи 600 сомонӣ баста шуд. Ғайр аз ин  бо пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зист аз тарафи шаҳрванд Исломов О. ҳамаи партовҳои партофташуда бартараф карда шуд. Ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳр аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардида, дар натиҷа 7 км ду тарафи қадди роҳи кӯчаҳои протоколӣ, аз он ҷумла ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар баробари ин корҳои сафед кардани танаи дарахтон ва нарм намудани замини он гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, дар рафти аксия беш аз 250 нафар иштирок дошта, 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.

Амалиётҳои фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар обанбори  Баҳри Тоҷик минтақаи Ташкентский ду ҳолати сайди ғайриқонунии моҳиро ошкор намуданд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Исфисор ва шаҳри Гулистон кӯчаи И.Сомонӣ 12/2  содир карда шуда, дар маҷмӯъ 73  сар моҳӣ ва 45 адад тӯри моҳидорӣ мусодира  гардид. Нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 208 қисми 1 тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ш.Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров  фиристода шуд.

Шиносоии хонандагон аз корхонаи коркарди партов дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иқдоми бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Гӯшаи амрикоӣ» дар шаҳри Исфара хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз корхонаи коркарди партовҳои шаҳри Конибодом ҶДММ «Таҷ Эко» дидан намуданд. Муҳандиси корхона хонандагонро аз рафти фаъолияти корхона, тарзи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо шинос намуда, ин иқдомро барои беҳдошти муҳити зист ва кам шудани партовҳо маънидод намуд. Дар навбати худ хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

  Санаҳои 10 - 11 августи соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кори семинари мазкур намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, инчунин сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Марказҳои Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагони шарикони рушд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии ташкилоти Дафтари барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинар инъикоси мақсад ва вазифаҳои он, лексияҳо дар бораи қоидаҳо ва принсипҳои Конвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, дуюм маротиба бо саволнома корбарӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.