Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 20 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Ба тартиб даровардани партовгоҳи шаҳри Истаравшан
Бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва ба тартиб даровардани партовгоҳи Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан тибқи талаботи бахши ҳифзи муҳити зист дар соли ҷорӣ дуюм маротиба корҳои гўронидани (хокпўш) партовҳо дар партовгоҳи шаҳрӣ амалӣ шуда истодааст. Бо ҷалби 3 адад теҳникаи махсус зиёда аз 1 гектар майдони партовгоҳ хокпўш карда шуд. Партовгоҳи шаҳри Истаравшан ҳамагӣ 1.82 гектарро дар бар гирифта, то айни замон ҳолати беш аз 50 %-и он беҳтар гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари чораҳои болозикр роҳи партовгоҳ низ тоза ва таъмир карда шудааст. Дар маҷмўъ, 20 нафар кормандони хадамоти коммуналии шаҳр дар маъракаи мазкур иштирок намуданд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.
Ааксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар кўчаи ба номи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бо ҷалби 15 нафар кормандони корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳ», давоми ду рўз аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Аксияи мазкур бо мақсади тоза намудани ду тарафи қадди роҳ ва хусусан ҷўйборҳои обгузар амалӣ гардида, дар натиҷа зиёда аз 5 километр масофа аз ҳаргуна партов тоза карда шуд. Ба партовгоҳи шаҳрӣ 8 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст. Минбаъд, то истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин аксия дар дигар кўчаҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гардидааст.
Ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон
Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 256 ва 278-и қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон соли 2020 оғоз гардида, санаи 30 июли соли 2021 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 6 сотиқро ташкил намуда, майдони зери бино 212 метри мураббаъ мебошад. Бинои бахш аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 52 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ барои ҷойгиронии таҷҳозотҳои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешаванд, ҳамагӣ 8 адад таҷҳизот.