Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

   Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ғафуров, назди бозори марказии «Фаровон», ки ҳамарўза ҳамчун минтақаи серодам ба ҳисоб меравад овезаи экологиро бо навиштаҷоти «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳии экологӣ» насб намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар ноҳияи Ашт аксияҳои экологӣ баргузор гардид

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии маҳал»  гузаронида шуд. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зиёда аз 250 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт дар аксияҳо фаъолона иштирок карда, корҳои назаррас, аз он ҷумла тоза намудани 4 км ду тарафи канори роҳи нақлиётгард аз ҳар гуна партовҳо амалӣ гардид. Ҳамчунин, дар рафти аксия 2,5 тонна партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Дар шаҳри Истаравшан овезаи экологӣ насб гардид

   Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар хиёбони Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Истаравшан  овезаи экологӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Панҷакент

  Тибқи супоришу тақсимоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар хиёбони Рўдакии шаҳр овезаи таблиғотии экологӣ насб гардид. Овезаи мазкур ба баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.