Санаи экологӣ 17 июн - рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайхи биёбоншавӣ ва хушксолӣ

Биёбоншавӣ – яке аз муаммоҳои замони муосир мебошад, ки дар зиёда аз 100 кишвари олам ба мушоҳида мерасад, яъне панҷяк ҳиссаи аҳолии рӯи замин бо ин муаммо рӯ ба рӯ аст. Бо назардошти ин мушкилот Маҷмаи умумии СММ соли 1994 дар бораи эълони Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар санаи 17 июн қарор қабул намуд. Дар худи ҳамин сол Конвенсияи СММ оид ба биёбоншавӣ қабул гардид. Аз кишварҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин рӯз (17 июн) оид ба баланд бардоштани иттилооти аҳолӣ дар мавриди зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ ва татбиқи Конвенсияи СММ доир ба мубориза бо биёбоншавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ғайр аз он, худи биёбонро ҳамчун экосистемаҳои муҳим ва ҳамчун макони тамаддуни қадимӣ муҳофизат кардан зарур аст.

Бунёди боғи фарҳангӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

     Дар боғи фарҳангии навбунёди ноҳияи Мастчоҳ дар доираи баргузории чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ амалӣ гардид. Бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаи фарҳанг, ташкилоту муассиса ва истиқоматкунандагони шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ, дар маҷмўъ беш аз 200 нафар, 100 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи кипарис ва 100 без гулбуттаи ороишӣ (юка), ки аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дастрас гардидааст шинонида шуд. Сабз ва зебогардонии боғи мзкур мархила ба мархила то рўзи ҷашн идома ёфта, дар оянда симои маркази ноҳияро дигаргун хоҳад намуд.

Омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар шаҳри Исфара

 Баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати омодасозии ҳудуди шаҳру деҳот барои дар сатҳи шоиста истиқболу таҷлил намудани ҷашнҳои миллии давлатӣ дармиқёси шаҳри Исфара аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар корҳои ободонӣ ва тоза намудани минтақаҳои маҳалли зист, ҳамагӣ 4,5 ҳазор нафар аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Раёсати маориф ва тандуристӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва аҳолии ҷамоти шаҳраку деҳот иштирок карда, зиёда аз 13,1 км ҷўйбор ва 2,4 км соҳили дарёву сой аз партовҳо тоза гардид. Ҳамчунин, атрофи корхонаҳо ва қадди роҳо, аз ҷумла роҳравҳои пиёдагард аз алафҳои бегона ва хушк тоза карда шуд.

Амалиёти фаврӣ оид ба ҳифзи олами набототу ҳайвонот

 Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, минтақаи ноҳияи Деваштич амалиёти фаврӣ гузарониданд. Мақсади асосии баргузории амалиёти мазкур ин пешгирии фурўши ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла мори печони шарқӣ, хорпуштак ва сангпушт мебошад. Ҳамзамон, амалиёти фаврӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Г.П. Мусоеви ноҳияи Деваштич оид ба ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтони арча, шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво дар ҳудуди чарогоҳҳои хоҷагии ҷангал ва дигар қонунвайронкуниҳо гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.