Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони коргоҳҳо, муассисаҳо ва ташкилот, дар маҷмўъ 2330 нафар як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксияҳо 11,3 км ду тарафи роҳҳои асосӣ, 1,5 ҳазор метри мураббаъ саҳни ҳавлии ташкилоту идораҳо ва ҷўйборҳои қадди роҳҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд. Ҳамчунин, партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 5,8 тн ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ашт, Понғоз, Пунук, Ошоба ва Шайдон ду тарафи сойҳо низ аз партовҳо тоза гардид.
Баҳри ободу тоза нигоҳ доштани ҷойҳои истироҳати мардум, бо иштироки 220 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои маркази ноҳия, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдони чунин аксия баргузор гардид. Ҳамзамон, бобати пешгирӣ аз касалии пандемия коронавирус COVID – 19 дар ҷамоати шаҳраку деҳот, хусусан маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаҳои истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ ва дигар тадбирҳо андешида шуд.