Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 800 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбони И.Сомонӣ ва хиёбони Истиқлол ба масоҳати 3,2 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шуд. Дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот чунин чорабинӣ амалӣ гардида, дар мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Зарҳалол, Пошкент, Нофароҷ, Ҷавкандак ва Чорбоғ заминҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ нарм гардид. Ҳамзамон, корҳои тоза намудани қадди роҳи мазкур аз партовҳо, алафи бегонаи хушк ва сафед кардани зиёда аз 220 пояҳои дарахтон ба иҷро расид.
Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва намояндагони хоҷагиҳои қадди роҳ, муассиса ва ташкилот, дар маҷмўъ 350 нафар корҳои ободони ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксия 6,7 км ду тарафи роҳи Б.Ғафуров – Конибодом аз партов ва алафи хушк тоза карда шуд. Ҳамзамон, баҳри пешгирии пайдошавии партовҳои бесоҳиб бо аҳолии, ки хонаи истиқоматӣ дар наздикии роҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атроф, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ амалӣ гардид. Дар охири баргузории аксия зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Гулистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Гулистон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарури андешида шуда, як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Бо иқдоми пешгирифтаи кормандони бахш дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик, ки шаҳрвандон ба он ҷо барои оббозӣ мераванд, аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 250 нафар аҳолӣ иштирок намуда, беш аз 4 км соҳили обанбор ва ҷойҳои обутобгоҳ ташкил гардида аз ҳаргуна партовҳо, хусусан партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Ҳамагӣ қариб 3 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.
Чорабиниҳои муҳими экологӣ дар шаҳри Конибодом
Дар шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор гардид. Дар давоми ду рўз аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар миқёси шаҳр ва ҷамоати деҳот ҳамагӣ бо иштироки беш аз 3,9 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр 2,4 км селроҳаи №7 бо ҷалби техникаи махсус кофта тоза карда шуд. Дар корҳои мазкур 45 нафар мутахассисону кормандони хоҷагии об ширкат варзиданд.
Дар ҳудуди хиёбони марказии Исмоили Сомонӣ ва ду тарафи шоҳроҳи нақлиётгарди Коллеҷи технологии шаҳр бо иштироки 540 нафар шаҳрвандон корҳои рўбучин дар масоҳати 2,1 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани ҷўйбор – 1,2 км, сафед намудани пояҳои 64 адад дарахтон бо ба шакл даровардани шоҳҳо ва баровардани партов – 6,2 тн амалӣ гардид.