
Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт санаи 8 ноябри соли равон вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо 100 нафар омўзгорони фанни экология ва хонандагон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ мудири девони мушовирони шуъбаи маорифи ноҳия Ҷамолов Ш. баромад намуда, оид ба масъалаи зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон ва умуман мақсади вохўрии мазкур изҳориақида намуд. Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба муаммоҳои экологии имрўза, дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоивобастабабаланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баромад пешкаши иштирокчиён гардид.



Санаи 5 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳ
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят ва дар доираи 1300 рӯзи меҳ
Санаи 26 октябри соли равон бо ташаббуси ташкилоти байналхалқии САҲА


