Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунии мавсими баҳори соли 2019 тибқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" ва Кодекси ҷангали Ҷумхурии Тоҷикистон назорати давлатиро дар самти мазкур доир намуда, дар асоси амри Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2019, №36 амр "Дар бораи гузаронидани ярмарка - фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо" дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи умумивилоятӣ баргузор гардид. Аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд.



Санаи 15.02.2019 дар бинои Кумитаи идораи замин нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.
Санаи 8.02.2019 дар факултети геоэкологияи Муассисаи давлатии таълимии ДДХ ба номи
Санаи 13.02.2019 баҳ
Санаи 5.02.2019 тибқи нақшаи 


