Дар шаҳри Исфара мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара маъракаи мазкур бо иштироки кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони ҶДММ «Заводи сементбарории шаҳри Исфара» оғоз гардида, дар хиёбони марказӣ ва дигар кӯчаҳои марказии шаҳр беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ороишии каталпа шинонида шуд. Ин мавсим тибқи нақшаи пешбинигардида дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 гули лола шинонида мешавад.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бобоева Зеварой маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ маҷлисро оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Сафари кории Раиси Кумита ба вилояти Суғд
Санаҳои 4 ва 5 ноябри соли равон ҳангоми сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз як қатор иншоотҳои муҳими раёсат дидан намуданд. Дар шаҳри Истаравшан, бо рафти сохтмони бинои нави маъмурии бахш, ки ҷашнӣ мебошад ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад шинос гардида, ҷиҳати босифат ва саривақт иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ба Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и раёсат ташриф оварда, бо иншоот, хусусан парвариши мурғи даштии тазарв ва ҳавзи моҳипарварӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо низ барои минбаъд парвариши сунъии парандаи тазарв, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва паҳн кардани онҳо ба ҷойҳои сукунати табиию шикоргоҳ, ҳамчунин парвариши моҳиҳои растанихўр ва паҳн намудани онҳо ба дарёи Сир дастур дода шуд. Дар рафти шиносоӣ дар ҷазира бо иштироки Раиси Кумита ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти 10 моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. маҷлис баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории Кумита, сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо сухани ифтитоҳи Раиси Кумита кормандони мақомотро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ибрози ақида намуд. Дар рафти маҷлис натиҷаҳои фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он тибқи санҷиши комплексии гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид. Маълумоти роҳбари гурӯҳи корӣ ва сардорони шуъбаҳои назоратии Кумита шунида шуд.
Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси назди муовини сардори раёсат барои кормандону мутахассисони ҷавони мақомот баромад ташкил гардид. Зимни баромад қайд карда шуд, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Дар рафти маҷлис байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бобати ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон иброз гардид.
Страница 180 из 312