Санаи 26.10.2020 дар Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 ҳафтаи илм, технология ва ихтирокории наврасону ҷавонони вилоят гузаронида шуда истодааст. Дар доираи ҳафтаи мазкур «Озмуни беҳтарин корҳои илмӣ - тадқиқотӣ» аз рўи 6 бахш, аз ҷумла бахши экология, ки ба он ҳамчун ҳакамон намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд даъват карда шуд, баргузор гардид. Дар маҷмуъ, дар озмун беш аз 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки аз он 14 нафарашон дар бахши экология мубориза бурданд. Дар рафти озмун ҳар як кори илмӣ – тадқиқотии хонанда омўхта ва гўш карда шуда, баҳогузорӣ гардид. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хатогии ҳар як иштирокчӣ ислоҳ ва нисбати мавзўъҳои интихобшуда бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод гардид.
Такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар обанбори вилояти Суғд
Бо мақсади амалӣ намудани Шартномаи байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик», нақшаи чорабиниҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳииобанбори «Баҳри Тоҷик» ва Сирдарё марҳилаи аввали маъракаи паҳн намудани моҳичаҳо гузаронида шуд. Барои паҳн ва қабули моҳичаҳо тибқи фармоиши Раиси Кумита комиссия таъсис ёфта, бо роҳбарии раиси комиссия – сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита зиёда аз 400 ҳазор моҳичаҳои намуди капур, амури сафед ва пешонипаҳн аз ҳавзаҳои моҳипарварӣ ба обанбор ва дарё паҳн гардид. Дар нақшаи чорабиниҳои Кумита, ҳамчунин гузаронидани корҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳии ҳавзаи дарёи Вахш пешбинӣ гардидааст.
Баргузории ҷаласаи 12-уми Муқоламаи ҳавзавии дарёи Сир
Дар шаҳри Гулистон, санаи 22 октябри соли равон дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамкорӣ бо Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» ҷаласаи 12-уми Муқоламаи ҳавзавии Сир оид ба «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» дар ҳавзаи дарёи Сир бо риояи талаботи санитарӣ – гигиенӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, лоиҳаи «Нақшаи истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ қисмати Тоҷикистони ҳавзаи дарёи Сир», масъалаҳои вобаста ба таъсиси Шўрои ҳавзавии дарёи Сир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Семинар-вохўрӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
Тибқи нақшаи пешбинигардида ва дархости маъмурияти ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо раисони Кумитаҳои маҳалла ва сокинони фаъол баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории вохўрии мазкур пеш аз ҳама дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Аз ҷониби мутахассиси мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист суханронӣ карда шуд. Ҳамзамон, ҳангоми ба амал омадани саволу чавоб ба иштирокдорон оид ба ҳолатҳои андешидани чораҳои дар қонуну кодекс барои вайрон кардани талаботи онҳо пешбинӣ гардида, маълумоти мушаххас дода шуд.
Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалла ва кўчаҳои ноҳияи Спитамен бо иштироки намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия корҳои сефед кадани бордюри қади роҳ – 1,7 км, рўбучини роҳравҳои пиёдагард – 2,4 км, тоза намудани ҷўйбор – 2 км ва дигар корҳои монанди рўбучини атрофи маҳали зист ба сомон расонида шуд. Дар чорабинӣ 110 нафар сокинони ноҳия иштирок карда, беш аз 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Страница 183 из 312