Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза, поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити атроф, дарёфти роҳҳои ҳалли норасоии об дар сайёра талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» якдилона қабул гардид. Дар ин соли таърихӣ иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шоистаи тазаккур аст.
Рейди фаврӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ҳангоми гузаронидани рейди фаврии муштарак аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Шодоба автомашинаи тамғаи Опел, ки аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти деҳоти Қаҳрамон ҳаракат мекард, манъ карда шуда дар бағочи автомашина 8 адад моҳии навсайдшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Содиқов А.О. - сокини н.Ашт, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи соҳили сир, дар давраи манъи сайди моҳӣ ғайриқонунӣ бо шикори моҳӣ машғул шудааст. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 5440 сомониро ташкил дода, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт шаҳрванд Холматов Р.К. барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ дар давраи манъи тухмигузории моҳӣ ошкор гардида, маводҳои тартибдодашуда барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом ирсол карда шуд.
Нисбати қонунвайронкунандагон дар доираи талабот чораандешӣ карда шуд
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии ҳамҷоя бо прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Дар баробари ин тибқи моддаҳои 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 14, 27, 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд.