Мувофиқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Ш.Шотемури шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Семинар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ташаббускори иқдомҳои экологӣ”
Бо мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамҷоягӣ бо МДТ Коллеҷи политехникӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи иҷроияи ҳизби халкии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби СММ, масъалаҳои мутобиқшавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба пирьях ва муҳити зист баромадҳо пешниҳод карда шуданд. Дар интиҳои семинар аз тарафи намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист ба омӯзгорон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо супорида шуд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ № 19 вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Мудири бахш Каримзода Ф. дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас, корҳои иҷро гардида ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар аксияву чорабиниҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим баромад намуд. Дар навбати худ омӯзгорони муассиса баргузории чунин вохуриҳоро сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.