Бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.10.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар минтақа санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ дар шаҳр маводи ҷойдошта мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ва ҷиҳати такон бахшидани раванди иҷрои қарорҳои болозикр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.
Фестивали дўстдорони табиат дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва пайвастани ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»-и 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом «Фестивали дўстдорони табиат» барпо гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ макетҳо, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар шаш мактаби ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Фирӯзоба ва Патари шаҳриКонибодом соли 2022 корҳои мақсадноки иттилоотӣ - маърифатӣ оғоз гардида буд, ки дар натиҷа гурӯҳҳои «Нозирони сабз» таъсис ёфта, курси пурраи фанҳои таълимии иловагии экологӣ ба итмом расонида шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни МДТ Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, кормандони маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ва беморхонаи физиотерапевтӣ зиёда аз 300 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, пластикӣ ва алафҳои бегона ба микдори 5 м 3 тоза карда шуд.
Корҳои биотехникӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Бо мақсади зиёд намудани саршумори моҳиҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ, эмин нигоҳ доштан ва зиёд намудани саршумори онҳо, таъмини онҳо бо ғизо бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар обанбори Баҳри тоҷик (ҳудуди ноҳия) корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии кунҷора - 150 кг ва гандумрезаҳои гуногун - 150 кг пошида шуда, рафти корҳо тариқи телевизиони вилояти Суғд намоиш дода шуд.